<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>Dm</key>
<hymn_number>155</hymn_number>
<lyrics>[V1]
.Gm          A   Gm            A
 Масеҳ маҳбубам, Масеҳ аст дӯстам,
.Gm          A  Gm          A
 Масеҳ пайваста мегирад дастам.
.Gm        A  Gm         A
 Ман гӯсфанду Масеҳ Шубонам,
.Gm           A  Gm       Gm
 Масеҳ Худ бувад ҳофизи ҷонам.

[C1]
   Бандгардон:
.  A        Dm               A7
   Масеҳ лоиқи ҳамду саноям, саноям
.   A         Dm                    A7
   Масеҳ мӯнисам, ҳар гоҳ танҳоям, танҳоям.
.            Dm         Gm         A
   Масеҳ ҳақиқат, Масеҳ ҳикматам, ҳикматам
.              Dm           Gm         A
   Масеҳ аст кӯмак, чун дар заҳматам, заҳмата.

[V2]
 Масеҳ сипаҳбад, ман сипоҳиям,
 Тавфиқ аз паяш карда роҳиям.
 Масеҳ аст нону Масеҳ ғизоям,
 Масеҳ мазҳари меҳри Худоям.

[V3]
 Масеҳ аст кӯҳам, Масеҳ паноҳам,
 Ӯст раҳнамои пои гумроҳам.
 Масеҳо хуни қуддусаш бирехт,
 Масеҳ кафорат, чун ба дор овехт.

[V4]
 Масеҳ аст роҳи расидан ба Ҳақ,
 Масеҳ Каломи баёни мутлақ.
 Масеҳ кавкаби мунири субҳам,
 Масеҳ аст сарам, бо вай як рӯҳам.</lyrics>
<title>Масеҳ маҳбубам, Масеҳ аст дӯстам Хд155</title>
</song>